27 Январ 2026
Имрӯз, 27.01.2026 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок намуда, ба ғолибон ҷоизаҳоро супориданд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳли таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар чорабинии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон барои фаъолияти назарраси меҳнатӣ бо фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2026, №1 бо медали "Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ" сарфароз гардида, ҳамзамон Барандаи гранти ҳукуматӣ дар дар самти кор бо ҷавонон дар соли 2025 гардид.
Шоистаи зикр аст, ки қаблан Аҳлиддин Абдураҳмонов бо ҷоизаи “Беҳтарин мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020”, “Беҳтарин бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2021”, “Шаҳри Гулистон – Беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2021”, "Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023" ва медали "Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ" дар соли 2024 сазовор гардида буд.
Дастоварди навбатӣ муборак бод!!!





















