Имрӯз, 04.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссияи даъвати баҳорӣ таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор карда шуд. Дар ҷаласа раиси комиссияи даъват, комиссари ҳарбӣ ва аъзои комиссия иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа Рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025, №967 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва вазъи сафарбарӣ ва вазифагузорї барои даъвати баҳории љавонон ба сафи Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон баррасӣ карда шуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии муштараки наврӯзӣ
- Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон аз маҷмааи Қалъаи Хуҷанд
- Маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар






Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии шаҳри Гулистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки пагоҳ, 5 апрел, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул ва муоинаи ройгони беморон баргузор мегардад.
1 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғоз бахшидан ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъданҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолони соҳаи саноати вилояти Суғд мулоқот намуданд.
1 апрел бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта шуд.
Шоми 31 март пас аз иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳои Қирғизистону Узбекистон муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Хуҷанд баргаштанд.














