08 Январ 2026
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода санаи 06.01.2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба варзишгоҳои марказии шаҳр ташриф оварда бо ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ он шинос гардид.
Варзишгоҳи марказии шаҳр бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҷдиду азнавсозӣ гардида истодааст.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати таъмири босифат, аз ҷумла чамани майдон, нишастгоҳҳо, ивази рахтҳои нишаст бо курсиҳои нав, чароғонкунӣ ва ободонии гирду атрофи он бо мақсади ҳамҷониба омода намудани варзишгоҳ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ дастур дод.
Корҳои таъмирӣ аз нимаи моҳи декабр оғоз гардида, бо маром ҷараён доранд ва масъулин дастур гирифтанд, ки дар вақти муайяншуда корҳоро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.






















