Матни равон

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода "Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” ба тасвиб расид.

Тибқи қарор даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2026 дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор мегардад. Ҳадафи озмун тарғиби мероси бузурги адабии халқи тоҷик, эҳёи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва завқи адабии ҷомеа, бахусус ҷавонон мебошад.

Озмун аз рӯи шаш гурӯҳ ва як номинатсия доир гардида, дар он хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1–4), хонандагони синфҳои 5–8 ва 9–11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабӣ ва эҷодӣ, кормандони соҳаҳои фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳо, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд.

Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 10 000, 6 000 ва 4 000 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.

Барои баргузории даври вилоятии озмун 404 ҳазору 240 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ба ифтихори 35 - солагии ҷашни муқаддаси миллиамон – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва бо ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар асари мондагору пурарзиши ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ - «Шоҳнома» инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:182
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1398
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:182
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:19389
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:80666
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9215542

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?