Имрӯз, 04.08.2025 дар соҳили баҳри "Тоҷик" вохӯрӣ бо истироҳаткунандагон баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, директори МНДСЭ Иматулло Қуқанов ва намояндагони маркази саломатии шаҳр иштирок намуданд.
Зимни суҳбат бо истироҳаткунандагон доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, рӯй наовардан ба фарҳанги бегона, пешгирии ҷинояткорӣ, беҳдошти саломатӣ, тарзи ҳаёти солим, истеъмоли дурусти ғизо, машғул шудан ба варзиш таъкид карда шуд.
Ҳамчунин, ба истироҳаткунандагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ТАҶЛИЛИ РЎЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ
- ВОХӮРӢ ДОИР БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ “СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025” ВА ПЕШГИРИИ ИН ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА
- ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН






Интизор меравад, ки моҳи сентябри соли 2025 таҷдид дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» пурра ба итмом расад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо бо маром ҷараён доранд.
Санаи 31.07.2025 тибқи нақшаи омӯзиши вазъи корҳо вобаста ба пешгирии равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, тарғибу ташвиқи суннат ва фарҳанги миллӣ, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои даврони истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ аз 17-уми июли соли 2025, инчунин рафти иҷрои нақшаҳои муштараки корҳои идеологӣ аз рӯйи усули “деҳа ба деҳа” ва “маҳалла ба маҳалла” аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз 21.07.2025 тасдиқ гардидааст, гурӯҳи кории вилоятӣ бо роҳбарии муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода ба шаҳри Гулистон ташриф овард.
















