27 Декабр 2025
Имрӯз, 26.12.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон доир гардид.
Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби котибон ва рӯзномаи ҷаласа оғоз гардид.
Дар кори Иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи Иҷлосия 8 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.
Доир ба масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи Раиси шаҳри Гулистон дар бораи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2025 муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода гузориш дод.
Зикр карда шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар давоми соли 2025 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармону Амрҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору амрҳои Раиси вилояти Суғд ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монд. Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 298,9 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 110,0 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 26,5 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 97,6 миллион сомонӣ буда, 107,7 миллион сомонӣ ё ин ки 110,0 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 10,1 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид. Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарз аз пардохти музди меҳнат вуҷуд надорад.
Аз нақшаи ҳашт намуди андозу пардохтҳои давлатӣ дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ се намуди андоз, низоми махсуси андозбандӣ 93,6 фоиз, андозҳои аксиз 90,3 фоиз ва воридоти дигари ғайриандозӣ 81,8 фоиз таъмин нагардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 127,9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум (117,5 миллион сомонӣ) ба маблағи 10,4 миллион сомонӣ зиёд, ё ин ки ба 103,7 фоиз баробар гардид.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 4 миллиарду 381,8 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 126,3% фоиз мебошад. Аз ин 95,9%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 4,1 фоизи он ба ҳизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.
Ба ҳолати якуми октябри соли 2025 ба иқтисодиёти шаҳр 367,9 миллион сомонӣ сармоягузорӣ татбиқ шудааст, ки аз он 275,0 миллион сармояи хориҷӣ ва 92,8 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ мебошад.
Муштариёни шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 195,4 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода карда, дар ин давра 195,0 миллион сомонӣ пардохт намудаанд, ки 99,9% мебошад.
Доир ба дигар самтҳои хоҷагии халқи шаҳр низ маълумоти муфассал дода шуд.
Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома “Дар бораи қабули буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2026” сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ойбек Обидзода гузориш манзур намуд.
Доир ба масъалаи сеюми рӯзнома ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет шунида шуд.
Тибқи масъалаи чоруми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Носири Хусрав” №17 Ҳомидҷонов Ҷонибек Музаффарович доир ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд
Сипас, бо овоздиҳии вакилон масъалаҳои дигари рӯзнома “Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии “навобод” №24 Ҷаҳонгир Комилзода ва “Мирзо Турсунзода” №18 Баротзода Сарҳад Барот”, “Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр”, “Дар бораи ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон” ҷонибдорӣ ёфтанд.
Дар охир қарорҳои Раиси шаҳр тасдиқ карда шуданд.
Сипас, Хуршеда Хоҷазода сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти ияроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир ба фаъолияти шаҳри Гулистон дар давоми соли равон изҳори надеша намуд.
Дар фарҷом Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода барои фаъолияти муназзам ба масъулин таъкидҳо намуд.





















