Имрӯз, 19.08.2025 муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 14 ва гимназияи №1-и маркази шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарё ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониши 2025-2026, пурра аз таъмир баровардани муассисаҳо, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ таъмири синфхонаҳо пурра ба анҷом расида, дар гирду атрофи муассисаҳо низ корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуд. Муассисаҳои таълимӣ барои қабули хонандагон ба соли нави хониши 2025-2026 омода мебошанд. Сару либоси хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби ҶДММ “Маҳина” омода гардида, волидайн ҳамарӯза аз коргоҳи дӯзандагии мазкур, ки дар ҳудуди шаҳр ҷойгир аст сарулибоси хонандагонро дастрас намуда истодаанд. Дар муассисҳо барои зимистонгузаронӣ ангишт, ҳезум ва сӯзишвориро ба қадри зарурӣ захира карда шудааст.






Санаи 18.08.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври дувоздаҳуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд КФ "Хистеварз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар майдони худ қабул намуд.
Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Гулистон барои соли 2025 ва нақшааи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дар шаҳри Гулистон аъзои Комиссия – Умеда Комилова сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Сайҳуна Шарифзода мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон рафти иҷрои Комиссия ва Барномаро дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва беморхонаи марказии шаҳр аз назар гузарониданд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2-юми январи соли 2025, таҳти рақами 709, қарори Раиси вилояти Суғд аз 31-уми январи соли 2025, № 33 дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи «Тошхоҷа Асирӣ” дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор карда шуд.
Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ дар санаи 17-уми июли соли ҷорӣ таъкид гардида буд, гурӯҳи кории таблиғотии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон бо усули "Хона ба хона" аз заминҳои наздиҳавлигии як қатор сокинон дидан карда, бо онҳо бевосита суҳбат намуданд.
















