Матни равон

Имрӯз, 26.12.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД - и вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ва комиссари ҳарбии шаҳр Фитрат Раҳмонзода сарбозони қисми ҳарбии Маркази таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба муносибати соли нави мелодии 2026 муборакбод намуданд.

Зикр карда шуд, ки соли 2025 барои кишвари азизи мо соли пурфайзу комёбиҳо буд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ ва ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашида, корҳои ободониву созандагиро тақвият бахшида истодаанд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар, ки натиҷаи фаъолияти солонаи кишварро инъикос менамояд зикр намуданд, ки: “Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид”.

Воқеаву руйдодҳои таърихӣ дар соли 2025 баргузории интихоботи парлумонӣ, имзои созишномаҳо доир ба муайянкунии хати сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ва пазируфта шудани як чанд пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қатъномаҳои махусус аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ доир ба вазъи сиёсии ҷаҳон низ изҳори андеша намуданд. Зикр карда шуд, ки вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад.

Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем.

Сипас, аз вазъи будубош ва шароити хидмати сарбозон дидан карда шуд.

Дар ин рӯз барои сарбозон дастархони идона ороста шуда, аз ҷониби санъткорони шаҳр барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1884
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3259
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17068
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18223
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:66470
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64236
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9181957

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?