22 Январ 2026
Имрӯз, 22.01.2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон семинари омӯзишӣ-дастурдиҳӣ доир ба Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки роҳбарони ташкилоту идораҳо ва коргузорон баргузор гардид.
Дар кори семинари омӯзшӣ-дастурдиҳӣ мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Меҳрубон Қаҳҳорзода, мудири шуъбаи назорат, коргузорӣ ва муроҷиатҳои дастгоҳи Раиси шаҳр Гулбаҳор Алимова ва сармутахассиси шуъбаи назорат, коргузорӣ ва муроҷиатҳои дастгоҳи Раиси шаҳр Мирҷумъа Бобозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки семинари омӯзишӣ – дастурдиҳии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми июни соли 2025, №355 ва қарори Раиси шаҳр “Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон” баргузор гардида истодааст.
Ба иштирокдорон доир ба муқаррароти умумии дастурамал, ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо тавассути низом, истифодаи имзои электронии ҳифзшуда дар гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, қоидаҳои тартиб додан ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, тартиби барасмиятдарории ҷаласаҳо ва ҳайати мушовара, назорат ва муҳлати иҷрои ҳуҷҷатҳо, кор бо ҳуҷҷатҳои дорои муҳри «барои истифодаи хизматӣ», ташкил кардани феҳристҳо, омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои хизматӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Ҳамчунин, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ, ба таври саҳеҳ тартиб додани ҳуҷҷатҳо, саривақт ва посухи мукаммал гардонидан ба мактубҳои воридотӣ, риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, роҳ надодан ба ғалатҳои услубиву мантиқӣ, дар муҳлатҳои муайянгардида баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон ва маводҳои назоратӣ таъкид карда шуд.





















