Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои модиву молиявӣ мерасонад.
Санаи 29 августи соли 2025 дар МД "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон" ба 30 нафар ятимони кулл бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Турсуной Зокирова кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим гардид.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён зимни суҳбат бо хонандагон таъкид намуд, ки дастгирии ятимону қишри ниёзманди аҳолӣ ҳамеша дар зери назари Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар шаҳри Гулистон низ бо дастгирии чунин ашхоси саховатпеша ва дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин қишри ҷомеа ҳамеша ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.






Санаи 29.08.2025 дар ФМД "Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир" дар шаҳр бо иштироки бонувони ҳунарманд семинар баргузор гардид.
Аз 26.08.2025 то 28.08.2025 дар Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳри Гулистон машғулиятҳои курси кутоҳмуддати «Зан сарвар» ҷараён гирифт. Шунавандагони курс машғулиятҳоро аз рӯйи нақша фаро гирифтанд.
Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои модиву молиявӣ мерасонад.
Санаи 26.08.2025 дар доираи даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар сафар бо дастаи "КАНД ММФ"-и шаҳри Конибодом дидор анҷом дод.














