Матни равон

Санаи 12.09.2025 дар қисми ҳарбии 0201-и дидбонгоҳи сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон тибқи нақшаи муштараки сохторҳои МИҲД шаҳр хониши сиёсӣ таҳти унвони “Ҳифзи арзишҳои миллӣ-сулҳу суботи кишвар, муҳимтарин вазифаи ҷавонон” баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон бо сарбозони дидбонгоҳи мазкур хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар кори хониши сиёсӣ муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Абдуллоев Фаридуншоҳ ва котиби шаҳраки Зарнисор Ғозибой Яҳёев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон 12 сентябри соли 2025 дар толори МТМУ №10 Ҷамоати шаҳраки Зарнисор бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо мулоқот доир гардид.

Дар кори мулоқот муовини раиси шаҳри Гулистон - Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр - Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Абдуллоев Фаридуншоҳ ва раиси шаҳраки Зарнисор Мавлонов Хуршед ширкат намуданд.

Имрӯз, 11.09.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода собиқадорони меҳнат - Бароат Осимова табиби бачагона, ки то ҳол дар беморхонаи марказии шаҳр фаъолият дорад ва Латофат Қодирова собиқадори соҳаи фарҳанги шаҳрро, ки солҳои тулонӣ дар соҳаи фарҳанг фаъолият намуда, баҳри рушди соҳа саҳми арзишманд гузоштааст аёдат намуда, Ҷашни Истиқлоли давлатиро муборакбод гуфта, кумакҳои молиявии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба онҳо тақдим намуд.

Собиқадорон бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои сулҳу суботи кишвар баҳри боз ҳам гул-гулшукуфоии кишвари азизамон ва пойдору устувор мондани Истиқлоли давлатӣ дасти дуо бардоштанд.

 

9-уми сентябри соли 2025 ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва Қаҳҳоров Комрон сардори шуъбаи шаҳри Гулистони Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсакди арҷгузорӣ ба корнамоиҳои фарзандони шуҷои Ватан Шерафган Тошев собиқ афсари сохтори КДАМ-ро ки зимни муноқишаҳои марзӣ маҷруҳ гардидааст ва оилаи Эркин Абдусатторовро, ки зимни муноқишаҳои марзӣ 16-уми сентябри соли 2022 ба ҳалокат расида буд аёдат намуданд.

Нахуст аз ҳолу аҳволи афсари сохтори КДАМ Шерафган Тошев дидан карда шуд.

Сипас хонаводаи марҳум Эркин Абдусатторов аёдат кардла шуд. Зимни суҳбат бо хонаводаи мавсуф зикр карда шуд, ки Ҳукумати кишвар корнамоиву фидокориҳои фарзандони асили худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Ин аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусатторов Эркин Турдибоевич пас аз маргаш бо ордени “Шараф” дараҷаи II аз 07.02.2023, таҳти №528 сафароз гардонида шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

1.Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр 1-ҷой маоши мансабӣ - 3072 сомонӣ;

2.Мудири бахши дин танзими ҷашну маросими мақомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1-ҷой маоши мансабӣ - 2520,54 сомонӣ;

3.Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1-ҷой маоши мансабӣ - 1865,28 сомонӣ;

4.Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой маоши мансабӣ – 1865,28 сомонӣ;

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:977
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3734
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:31676
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18843
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12282
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9465759

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?