Имрӯз, 22.09.2025 дар назди нипайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳр ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ аз ҷониби китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармуҳаррири рӯзномаи "Соҳил" Рустамҷон Одизода, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши фарҳанги шаҳр Ҷамшед Самадов ва Зайнура Ҷӯраева директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.






20-уми сентябри соли 2025 ҳайати кормандони МИҲД-и шаҳр - муовини якуми Раиси шаҳр, муовин, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳо бо ҳайати кормандон, кумитаву идораҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар ноҳияи Ашт дар ҷамъоварии тиллои сафед дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" саҳмгузорӣ намуданд. Дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" дар 84 гектар замин пахта кишт карда шуда, бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосил ғундошта шуда истодааст.
Санаи 19.09.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯтотзода аз шуъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дидан намуд.
Имрӯз, 18-уми сентябри соли 2025 дар доираи нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ҳамоиши ҷавонони шаҳри Гулистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси шаҳр, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҷавонони фаъоли муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр ва ҷавонони соҳаҳои касбу кори гуногун баргузор карда шуд. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Имрӯз, 17 сентябри соли 2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум доир гардид. 














