ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ШАҲРӢ ОИД БА НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ БОНУВОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шуда истодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои МИҲД шаҳр, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бо ҳамин мақсад, санаи 05.05.2025, дар шаҳри Гулистон, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи шаҳрии волейбол байни бонувони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор ва ҷамъбаст гардид, ки дар натиҷа ҷойи аввал насиби бонувони МТМУ №14, ҷойи дуюм насиби бонувони МТМУ №8 ва ҷойи сеюм насиби бонувони бахши фарҳанги шаҳр гардид, ки ғолибон бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр қадрдонӣ гардиданд.






Санаи 05.05.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси васеъ баргузор гардида пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №11 "Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд" баррасӣ гардид.
Имрӯз, 05.05.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шурои навбатии занону духтарони шаҳр бо иштироки аъзои Шуро, раисони шуроҳои ташкилоту муассисаҳо ва бонувони фаъоли шаҳр доир гардид.
Имрӯз, 5 майи соли 2025 дар толори Нозироти андози шаҳр Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз кормандони нозироти андози шаҳрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳният намуд.
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Оилаи беҳтарин", ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.














