Санаи 28.05.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Дар кори Шуро аъзои Шуро, гирандагони стипендияи президентӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр ва ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.
Кори Шӯро бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузории Шӯрои мазкурро дар остонаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон фоли нек дониста, ҳозиринро бо рӯзномаи Шӯро шинос намуд. Дар Шӯро ду масъала, ҳисоботи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар давоми соли 2024 ва 5 моҳаи соли 2025 ва тасдиқи лоиҳаи қарор ва нақшаи чорабиниҳои Шӯро баррасӣ гардиданд.






Рушду оммавияти варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар шароити мусоид барои рушди соҳа муҳайё гардидааст. Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаву чемпионатҳои сатҳи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони маҳбубро бо сарбаландӣ парафшон намуда, обрӯву эътибори миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Имрӯз, 24.05.2025 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон фестивали шаҳрии футбол бахшида ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор карда шуд.
Ҷавонони гиромӣ!
Шоми 21-уми майи соли 2025 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр чорабинии идона ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, гирандагони Стипендияи Президентӣ, гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр, ҷавонони касбу кори гуногун, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва дигар сокинону меҳмонони шаҳр баргузор карда шуд.














