Матни равон

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо сафари расмӣ ба вилояти Воронежи Федератсияи Русия ташриф овард.

Дар доираи сафар, рӯзи 30 май дар толори ҳукумати Воронеж мулоқоти расмии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори Воронеж Александр Гусев баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавиро дар самтҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилояти Суғд зимни муаррифии имкониятҳои иқтисодию саноатии вилоят иброз дошт, ки дар партави сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат, бахусус дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022–2026), соҳаи саноати вилояти Суғд рушд намуда, вилоят имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими содиротии кишвар табдил ёфта, маҳсулоти корхонаҳои он ба Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои хориҷӣ содирот мегардад.

Санаи 03.06.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври шашуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд бо КФ "Пахтакор"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар сафар майдондорӣ намуда бо ҳисоби 0-3 пирӯзӣ ба даст овард. Ин ғалабаи чаҳоруми дастаи "Гулистон" дар мавсим мебошад ва даста бо 13 имтиёз мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқот устувортар намуд.

Тубҳоро аз ҳайати даста Абдурашид Мирхолиқов як маротиба ва ҳамлагар Дилшод Бозоров ду маротиба равонаи дарвозаи ҳариф намуданд.

Пирӯзӣ муборак бод!

 

Санаи 1-уми июни соли 2025 ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тарабхонаи “Манижа”-и маркази шаҳр бо дастгирии соҳибкорзани маҳаллӣ барои беш аз 100 нафар кӯдакони ятим, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат дастархони идона ороста шуд.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён кӯдакону наврасонро ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфт.

Зикр карда шуд, ки ғамхори нисбати кӯдакони ятиму камбизоат зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои кӯдакону наврасон тамоми чораҳоро андешида истодааст.

Имрӯз, 1-уми июни соли 2025 дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид. Дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” намоиши омода намудаи кӯдакони муассисаҳои таълимии томактабӣ ба намоиш гузошта шуд ва муовинони Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва Муслимахон Ҷамолиён ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Сипас, муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода кӯдакону наврасонро ба муносибати Рӯзи кӯдакон таҳният гуфт. Зикр гардид, ки рўзи 1-уми июн дар ҷаҳон ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим ба мо ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Ба ин муносибат ин рӯзи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон, ба кулли сокинони шаҳри Гулистон самимона табрик мегӯям.

Имрӯз, 29.05.2025 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид.

Дар маросими савгандёдкунии сарбозони навдаъватшуда муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳимзода, муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода, Додиён Баҳром Одина, полковник, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, Шуҳрат Алиев сардори бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, командири қисми ҳарбӣ Қурбонзода Хусрав ва дигар шахсони масъули қисми ҳарбӣ, волидайни наваскарон ва ҷавонони шаҳри Гулистон, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иштирок намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1832
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2413
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14905
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15922
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46084
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64236
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9161571

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?