Дар доираи бозиҳои гурӯҳии марҳилавии гузаришӣ барои роҳхат ба даст овардан ба Лигаи якуми кишвар дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон бозии охири даври гурӯҳиро бо дастаи "Спитамен"-и ноҳияи Спитамен баргузор намуд.
Ҳисоби бозӣ бо натиҷаи 4-1 ба фоидаи дастаи "Гулистон" ба охир расид.
Ҳисоби бозии дастаҳои дигари гурӯҳ "Рахш"-и ноҳияи Восеъ ва "Помир"-и шаҳри Хорӯғ бо ҳисоби 1-1 ба охир расид.
Дар натиҷа дар гурӯҳ "Рахш" бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал, "Гулистон" бо 6 имтиёз дар мақоми дуюм, "Помир" бо 4 имтиёз дар мақоми сеюм ва "Спитамен" бидуни имтиёз дар мақоми охир қарор гирифтанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ПАРЧАМ - РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ - Баргузории роҳпаймоии идона ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд






Имрӯз, 1 - уми декабри соли 2025 дар толори Мактаби санъати шаҳр аз тарафи маркази саломатӣ, масъулини Маркази Вируси Норасоии Масунияти Одам (ВНМО) аксияи тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ доир гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, роҳбари Маркази саломатии шаҳр Ҷонибек Ҳоммдҷонов иштирок намуданд. Ин иқдом бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ ба масъалаҳои мубрами тандурустӣ, пешгирии бемории сироятии ВНМО ва баланд бардоштани сатҳи саводи тиббии ҷавонон ташкил карда шуд.
Соҳили зебоманзари “Баҳри тоҷик” яке аз мавзеъҳои дилфиреби шаҳри Гулистон буда, ҳамасола ҳазорҳо меҳмонону сайёҳон аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳату фароғат ба ин ҷо рӯ меоранд.
Доир ба истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, пешгирии талафот ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ прокуратураи шаҳри Гулистон гуруҳи корӣ ташкил намуда, ҷиҳати ба самъи аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳо, фаъолон ва зиёиён расонидани моҳияту мазмуни тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқаррар шудани ҷиноят ва пурзур шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.














