11 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.
Бунёди иншоот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст.
Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ доман густурда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Иншооти фарҳангию фароғатӣ бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд шуда, барои фароғати сокинону меҳмонон омода гаштааст.






11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Санаи 09.07. 2025 дар варзишгоҳи маркази шаҳр даври ниҳоии мусобиқаи шаҳрии футбол байни кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии футбол, баргузор гардид. Дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур кормандони шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҶДММ "Соҳил", қисми ҳарбии 45025-и КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҶСК "Тоҷикгидроэлектромантаж" байни ҳам рақобат намуданд.
Санаи 08.07.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври ёздаҳуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд бо КФ "Хистеварз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сафар майдондорӣ намуда бо ҳисоби бузурги 0-5 пирӯзӣ ба даст овард.
Имрӯз, 05.07.2025 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.















