Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 №АП-711, қарори Раиси вилоят аз 20.02.2025, №51 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менмоянд баргузор гардид.
Дар даври вилоятии озмуни мазкур аз шаҳри Гулистон беш аз 30 нафар ғолибони даври шаҳрӣ иштирок намуда, соҳиби 1 ҷойи аввал, 3 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм ва дар маҷмуъ 7 ҷой гардида, ба даври ниҳоии озмун роҳхат грифтанд. Аз ҷумла: Зуҳрои Шералӣ номинатсияи санъати тасвирӣ, жанри ороиши амалӣ, миёни синну соли аз 18 то 35 сола – ҷойи аввал, Бурҳонзода Озода - номинатсияи навозандагӣ, жанри анъанавӣ, зинаи синну соли аз 12 то 17 сола – ҷойи дуюм, Холбоев Зокир - номинатсияи сарояндагӣ, жанри анъанавӣ миёни синну соли аз 18 то 35 сола – ҷойи дуюм, Усмонов Паҳлавон - номинатсияи сарояндагӣ, жанри эстрадӣ миёни синну соли аз 18 то 35 сола – ҷойи дуюм, Қурбонова Афсона - номинатсияи сарояндагӣ, жанри эстрадӣ, синну соли аз 12 то 17 сола – ҷойи сеюм, Сатторов Ҷалолиддин, номинатсияи навозандагӣ, жанри эстрадӣ, синну соли аз 12 то 17 сола – ҷойи сеюм ва Фархунда Эркаева - номинатсияи санъати тасвирӣ, жанри ороиши амалӣ зинаи синну соли аз 18 то 35 сола – ҷойи сеюм. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.






Имрӯз, 20.06.2025 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Гулистон, раиси Шуро Муслимахон Ҷамолиён Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа бо иштироки аъзои Шуро ва кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.
Санаи 18.06.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври ҳаштуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд КФ "Темурмалик"-и шаҳри Хуҷандро дар майдони худ қабул намуд.
Санаи 17 июни соли 2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи дуюмии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум доир гардид.















