03 Апрел 2026
Субҳи имрӯз, 01.04.2026 дар майдони Нишони давлатӣ дар шаҳри Гулистон маросими тантанавии гусели навдаъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2026, №1143 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба тавсиб расид. Вобаста ба ин Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2026 ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Ҳамчунин, моҳҳои май-апрели соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват карда мешаванд.
Инчунин, зикр карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тӯлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд. Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши Миллии мо ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.
Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст.
Хушбахтона, имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонписарон аз шаҳри Гулистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро мерасонанд.
Боиси таъкид аст, ки дар сафи онҳо шахсони ихтиёрӣ бештар шомил гардида истодаанд. Ин далолат ба он мекунад, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ тарбия мегиранд.
Дар идома таъкид гардид, ки дар рӯзи нахустини сафарбарии даъватшавандагон ба сафи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Гулистон беш аз 70 фоизи нақшаи пешбинишударо сарбаландона иҷро намуд. Аз ҷумла ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Чоруқдаррон ва Навгарзан нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.
Ба даъватшавандагон хизмати фидокорона, садоқати ватандӯстона, комёбиву пирӯзиҳои тоза ба тоза таманно карда шуд.
Сипас, модари даъватшаванда Давронова Гулшан ва даъватшавандаи ихтиёрӣ Рамшед Давронов суханронӣ намуданд.
Дар вазъи тантанавӣ ба як қатор волидайне, ки фарзандони яккаписари худро ва волидайне ки як фарзандашон дар хизмати Модар-Ватан қарор доранд ва фарзанди дигари худро сафарбар намуда истодаанд сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 45 нафар даъватшавандагон курси кутоҳмуддати ронандагиро хатм намудаанд ва дар вазъи танатанвӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.






















