11 Апрел 2026
Имрӯз, 10 апрели соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" аз Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дидан намуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз фермаи мурғпарварӣ дар заминаи ҶДММ “Мурғи аълосифат”, ҷараёни фаъолияти истеҳсолии ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод”, таъмири системаи оби нушокии ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ва якқатор марказҳои хизматрасонӣ дидан карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраки Чоруқдаррон 18 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 15 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва дар дигар иншоотҳо корҳо бо маром ҷараён доранд.
Илҳом Пӯлотзода ба раиси ҷамоати шаҳрак ва дигар масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод.




















