Имрӯз, 25.06.2025 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Модарон - посдори Ваҳдати миллӣ” бо иштироки бонувони фаъол, кормандони соҳаҳои гуногун ва занони хонашин баргузор карда шуд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, Шарифа Отаҷонова муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, Азиза Мирзохоҷаева мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Меҳровари Масчоҳӣ шоир, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ва Матлуба Сатторова мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихӣ ва оғози марҳалаи навин дар рушду такомули давлатдории тоҷикон мебошад.






Имрӯз, 25.06.2025 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар толори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр таҳти унвони “Ваҳдат пойдевори давлат ва ҳастии миллат аст” ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳр мизи мудаввар баргузор гардид.
Санаи 24.06.2025 муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён тибқи дастури Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Санаи 24.06.2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисор бо сокинон вохӯрӣ доир ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ доир карда шуд.
Имрӯз, 23.06.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ - омили устувории давлати соҳибистиқлол” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.















