12 Апрел 2026
Санаи 10-уми апрели чоли 2026, тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, дар шаҳри Гулистон дар қисми ҳарбии 45025 ҳамоиши ҷавонони синни то даъватӣ таҳти унвони «Ман сарбози оянда!» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Фирдавс Фахридинзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок намуда, зимни суханронии худ аз аҳамияти омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки ҳифзи марзу буми Ватан қарзи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагиву шуҷоат мебошад.
Дар рафти ҳамоиш, байни ҷавонони шаҳри Гулистон ва сарбозони қисми ҳарбии мазкур мусобиқаҳои дастхобонӣ, бандкашӣ, шашка ва шоҳмотбози беҳтарин, волейбол ва ба қисмҳо ҷудо намудани аслиҳа ташкил ва баргузор карда шуд. иштирокчиён аз шароити хизмати сарбозон, тартиби рӯзгор дар қисми ҳарбӣ, инчунин аз намудҳои яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ аз наздик шинос гардиданд.
Ҳамзамон ба 15 нафар сарбозони қисми ҳарбии 45025 тӯҳфаҳо аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон тақдим карда шуданд.
Қисмати таъсирбахши чорабинӣ маросими рамзии супоридани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як ҷавони синни даъватӣ буд. Парчам аз ҷониби як сарбози қисми ҳарбии 45025 супорида шуда, ҷавон онро бо эҳсоси баланди ифтихор қабул намуд ва изҳор дошт, ки барои ҳифзи Ватан-Модар ҳамеша омода аст.
Бояд зикр намуд, ки чунин иқдомҳо ҳамчун як навъи тарбияи ватандӯстӣ ва қабули масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷавонони синни то даъватӣ аҳамияти хоса дошта, онҳоро ба хизмати содиқона ба давлату миллат раҳнамоӣ мекунад.
Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, дар хотири иштирокчиён таассуроти нек боқӣ гузошт.
Дар охир аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баҳри болидарӯҳии сарбозон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.




















