Матни равон

Имрӯз, 16.06.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сартабиби тозатаъини беморхонаи марказии шаҳр муаррифӣ гардид.

Маросими муаррифиро муовини Раиси шаҳр, сарпарасти соҳа Муслимахон Ҷамолиён оғоз намуда, зикр намуд, ки дар соҳаи роҳбарикунандаи беморхонаи маркази шаҳр тағйироти кадрӣ ба амал омад ва фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи иштирокдорон расонид.

Зикр карда шуд, ки бо пешниҳоди Раиси шаҳр ва фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтитмоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.06.2025, №80 Азимов Фирдавс Рашидович ба вазифаи сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон таъин карда шуд.

14 июни соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид.

Муроҷиаткунандагон аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун доир ба сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, интиқоли донишҷӯён байни муассисаҳо, идомаи таҳсил, аз нав барқарор намудани аттестати хатм ва дигар масъалаҳо дархост ва таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати рафъи мушкилот ва пешбурди соҳаи маорифи кишвар манзур намуданд.

Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Имрӯз, 12.06.2025 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр маҳфили илмию адабии “Адибони Ваҳдатсаро” таҳти унвони “Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил” ба ифтихори 28-умини солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур Аъзам Ҳотамӣ ва Мирпочоева Мавҷуда намояндагони Шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва адибон аз шаҳри Гулистон Лутфӣ Мамадҷонова, шоир, сармуҳаррири рӯзномаи "Соҳил" ва Фаридуншоҳ Абдуллоев, нависанда, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳр суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки мардуми тоҷик пас аз ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён санаи 9 сентябри соли 1991 бо эълон гардидани Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон боз аз нав соҳибдавлат гардиданд. Номи Тоҷикистони навин, ки фарзандони ин сарзамин бо илму фарҳанги хеш асрҳо қалби оламиёнро тасхир намуда буданд дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Имрӯз, 12.06.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр маросими ҷоизасупории ғолибони Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар оғоз ғолибонро бо дастоварди арзанда муборакбод намуда, онро самараи меҳнати хонандагон, омӯзгорон ва масъулини соҳа арзёбӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати кишвар ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хоса дорад.

Имрӯз, 10.06.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода рӯзноманигори варзида, сокини шаҳри Гулистон Ӯлмас Эркаев (Ҷовиди Аштӣ)-ро ба муносибати 65-солагии зодрӯз муборакбод намуд.

Мавриди зикр аст, ки Ӯлмас Эркаев соли 1985 баъди хатми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ба номи Жданов А.А. бо роҳхат ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, фаъолияти меҳнатии худро дар Саридораи барномаҳои иттилоотии “Хабарҳои охирин” аввал ба ҳайси муҳаррир, баъдан муҳаррири калон, шореҳи иктисодӣ ва варзиш оғоз намуда, то соли 1997 фаъолият намудааст.

Сипас, аз соли 1997 то соли 2007 ҳамчун хабарнигори махсуси радиои Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва аз соли 2007 то ба имрӯз мухбири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” дар вилояти Суғд фаъолият бурда истодааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1833
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2413
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14906
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15922
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46085
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64236
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9161572

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?