Санаи 09.06.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври ҳафтуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд КФ "Суғдиён"-и ноҳияи шаҳри Бӯстонро дар майдони худ қабул намуд.
Бозигарони дастаи "Гулистон" аз оғоз ташаббусро ба даст гирифта, пайваста ба ҳариф фишор меоварданд. Натиҷаи ҳамин ҳуҷумҳои пайиҳам буд, ки дар қисми аввали бозӣ ду маротиба хати дарвозаи меҳмононро рахна намуданд.
Дар қисми дуюми дидор гулистониён ҳамоно бо фишороварӣ ва ҳуҷумҳои пайваста тавонистанд, ки 5 маротибаи дигар тубро ба тури дарвозаи ҳариф равона созанд.






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Имрӯз, 04.05.2025 дар толори Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон" Шурои ҳамоҳангсозии "Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим" таҳти раёсати муовини Раиси шаҳр, сарапарасти соҳа Муслимахон Ҷамолиён баргузор гардид.
Имрӯз, 04.06.2025 тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва КИ ҲХДТ дар шаҳр ҷиҳати баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо усули маҳал ба маҳал ва деҳа ба деҳа дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор бо иштироки сокинони маҳаллаи "Сохтмончӣ" вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор карда шуд. Дар кори Ситод аъзо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.














