Матни равон

25 марти соли 2026 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон чорабинии тантанавии идона ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор карда шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, сокинони шаҳракро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳният гуфт.

Зикр карда шуд, ки Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва оғози соли нави аҷдодӣ аст, ки ба пешвози фарорасии он табиат ва тамоми мавҷудоти олам эҳё мешавад ва дар ҷону руҳи инсонҳо умед ба зиндагӣ ва дӯст доштани он дигарбора зинда мегардад. Яъне Наврӯз айёми гузариш ба фасли нави зиндагӣ, пирӯзии гармӣ бар сардӣ, ҷашни равшанӣ ва нур, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандии ҳамагонӣ ва шукуфтани орзуҳо мебошад.

 

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо поку беолоиш ҳифз гардидаанд.

Дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросбари ин ҷашн аст бо ҳамовозии якдилона қатънома пазируфта шуд. Барҳақ, Наврӯзи байналмилалӣ рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлоли давлати мо гардидааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷойгоҳ ва арзиши бузурги Ҷашни байналмилалии Наврӯз чунин зикр намудаанд: “Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷики таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст”.

Аз рӯи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯи якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми декабри соли 2025 ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамон соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карда шуд. Дар ин соли таърихӣ мо бояд якҷоя бо заҳмату талош ва фидокорӣ барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои нақшаи бунёду азнавсозии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи ин ҷашни бузури миллӣ талош намоем.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ як қатор фаъолон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва шаҳраки Чоруқдаррон сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисми фарҳангии чорабинии идона фарҳангчиёни шаҳри Гулистон, шаҳраки Чоруқдаррон, инчунин сарояндагони маъруф аз маркази вилоят барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокдорон намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:202
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:556
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2582
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:3763
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:19130
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64411
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9380857

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?