12 Апрел 2026
Санаи 11 апрели соли 2026 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр мутобқи қарори Раиси шаҳри Гулистон аз санаи 14-уми марти соли 2026 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳр бо иштироки 97 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон даври шаҳрии Озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Озмуни мазкур муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён иштирок ва суханронӣ намуд.
Инчунин дар озмун масъулини шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Тибқи нақшаи тасдиқшуда довталабон аз рӯйи 26 ихтисос аз ҷумла, 13 ҷой барои духтарон ва 13 ҷой барои писарон донишу маҳорати худро нишон доданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як барномаи давлатии дастгирии ҷавонон буда, барои ҷалби хонандагони лаёқатманд, махсусан аз минтақаҳо, ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар равона шудааст.
Ҳадафи асосии чунин чорабинӣ: дарёфти хонандагони болаёқат, дастгирии онҳо барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олӣ, тарбияи мутахассисони ояндадор барои рушди кишвар мебошад.





















