Санаи 30.09.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ, таъмиру азнавсозии маркази саломатии шаҳр ва сохтмони иншоти саноатӣ, аз қабили бунёди корхонаҳои навбунёди саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳр дидан намуд.
Нахуст аз раванди таъмиру азнавсозии маркази саломатии шаҳр дидан карда шуд.Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатии шаҳр дорои бинои 3 ошёна ва иборат аз 116 ҳуҷра мебошад. Бино соли 1989 сохта ба истифода дода шудааст. Дар маркази саломатии шаҳр 19 нафар табиб, 35 нафар ҳамшираи тиб, 9 нафар корманди хурди тиб ва 15 нафар кормандони дигар фаъолият мебаранд. Бино солҳои тулонӣ таъмири куллӣ нагардидааст.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маркази саломатӣ пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.






27-уми сентябри соли 2025 ҳайати кормандони МИҲД-и шаҳр - муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, кормандони соҳаи маорифи шаҳр ва ҷамоати шаҳраки Навгарзани шаҳр дар ноҳияи Ашт дар ҷамъоварии тиллои сафед дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" саҳмгузорӣ намуданд. Дар Хоҷагии деҳқонии "Муфтоев" дар 84 гектар замин пахта кишт карда шуда, бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосил ғундошта шуда истодааст.
Субҳи имрӯз, 27.09.2025 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди МИҲД шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону наврасон ва сокинон машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид.
Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо ҷиҳати баланд бардоштани зиракии сиёсии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 26 сентябри соли 2025 дар толори МТМУ №2 ҷамоати Чоруқдаррон шаҳри Гулистон бо ҷалби сокинон мулоқот доир гардид.
Санаи 24.09.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври ҳабдаҳуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд КФ "Пахтакор"-и ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар майдони худ қабул намуд.














