Матни равон

Муҳтарам намояндагони аҳли қалам!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар роҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои  ахбори омма эътибори бештар зоҳир менамояд. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки ҳар сол санаи 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, бахусус дар доираҳои фарҳангии кишвар ва аҳли қалам ботантана таҷлил мегардад. Мо хуб огоҳ ҳастем, ки ин ид ба ифтихори нашри нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” иртиботи қавӣ дорад.
Дар таърихи беш аз садсолаи мавҷудияташ матбуоти тоҷик рисолати худро содиқона ба ҷо оварда, имрӯз ҳам мавқеи устувор ва ҷойгоҳи хосро соҳибӣ намудааст. Мақому мавқеи матбуот, пеш аз ҳама, аз таҷрибаи пешқадаму ғании он сарчашма мегирад.
Агар ба марҳилаҳои ташаккулёбии матбуоти тоҷик назар афканем, он новобаста аз имконоту шароит, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ давраҳо рисолати худро содиқона ба ҷо оварда ҳамеша дар рушду такмил буд.
Махсусан, дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ, ки тарғиби худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини пойдории ваҳдату ягонагии халқ тақозои вақт буд, ин рисолати бузургро матбуоти тоҷик сарбаландона ба сомон расонд.
Имрӯз низ матбуоти тоҷик дар баробари таъмини иттилооти зарур, дар ташаккули афкори ҷомеа, махсусан, тарбияи маънавии мардум нақши созанда дорад.
Рӯзномаи “Соҳил” низ аз ҷузъҳои ҷудонопазири матбуоти тоҷик маҳсуб меёбад. Нашрияи мазкур ҳамчун оинаи ҳақиқии рӯзгори мардуми шаҳр хизмати босазо дошта, тайи ин солҳо вобаста ба талаботи замон мазмуну мундариҷаи рӯзнома беш аз пеш такмил ёфта истодааст.
Кормандони нашрия аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда кӯшиш менамоянд, ки рӯзнома саривақт ба табъ расида, мунтазам дастраси хонандагон гардад.
Аҳли қалами шаҳрро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик таҳният гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, бурдборӣ ва комёбиҳои баланди эҷодӣ орзумандам.
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:538
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:596
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1134
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:8086
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10115
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64411
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9371842

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?