Санаи 29.04.2025 дар доираи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар майдони худ дастаи "Ашт"-и ноҳияи Аштро қабул намуд.
Бозӣ бисёр тезутунд ва пурҳаяҷон сурат гирифта, бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд дар қисми аввали бозӣ ҳисоб кушода нашуд.
Дар қисми дуюми бозӣ бозигарони дастаи "Гулистон" бештар ба ҳуҷум гузашта имкониятҳои зиёди голзанӣ ба вуҷуд оварданд. Ҳамлаҳои пайвастаи даста имкон дод, ки Акмал Пӯлатов аз зарбаи кунҷӣ тубро вориди дарвоза намуда, дастаи "Гулистон"-ро дар ҳисоб ба пеш баровард.
Бозии дастаҳои "Гулистон"-и Гулистон ва "Ашт"-и ноҳияи Ашти бо ҳисоби 1-0 бар нафъи мизбонон ба анҷом расид.
Нахустин бозии мавсим ва пирӯзии аввалин ба масъулин, ҳайати даста ва ҳамаи мухлисони даста муборак бод.







Имрӯз, 28.04.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон муаррифии кадри тозатаъин баргузор гардид.
Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Гулистон мерасонем, ки санаи 29.04.2024 соати 16:30 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври аввали Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд КФ "Ашт"-и ноҳияи Аштро қабул менамояд ва дастаҳо барои ба даст овардани нахустин имтиёзҳо дар мавсими нави футбол шӯру шавқ рақобат менамоянд.
Санаи 24.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон баргузор гардид.














