Матни равон

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки фаъолон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.  Қабл аз оғози ҷамъомад шаҳрдор ва ҳамроҳонаш бо собиқадорони меҳнат мулоқоти самимона намуданд. Кулли модарону хоҳарон ва собиқадорони меҳнат бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар чорабинии идона намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Убайдзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зулфиқор Тоҳиров ҳузур доштанд.

Тантанаро Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, навбатро барои қироати шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонидан ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зулфиқор Тоҳиров дод. Ӯ зимни суханронӣ гуфт, ки МИҲД-и вилоят барои беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон тадбирҳои зарурӣ андешида, баҳри ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ корҳои судмандро амалӣ менамояд. Минбаъд низ ба фаъолияти занону духтарон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, барои ҳалли мушкилоти онҳо тамоми тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Убайдзода зикр намуд, ки воқеан ҳам, аз оғоз Сарвари кишвар бузургиву нотакрор будани рӯзгори баҳоровари модаронро арзиши наву тоза бахшида, бо фазилати хеш Рӯзи Модарро ба зарварақҳои таърих нигоштаанд. 
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар ҷараёни баромади хеш иброз дошт, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарон ва дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳиби мақому манзалати хосса гардидани онҳо мебошад. Занони тоҷик аз оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи мамлакат азму талош намуда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо нангу номуси ватандӯстӣ ва заҳмати софдилона дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар натиҷаи дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки занону духтарони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ бештар ҷалб гардида, дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ сарбаландона адои вазифа менамоянд.
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардида, дар васфи бузургию меҳрубониҳои модар сурудҳо танинандоз шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:228
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5988
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9527
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6883
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64411
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9368610

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?