Матни равон

Санаи 4 марти соли 2026 дар доираи нақша чорабинии Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи модар дар толори Мактаби санъат конфронс дар мавзӯи “Модар фаришта буд” баргузор гардид.
Ҳамоиши бонувонро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки  дастгирию ғамхорӣ ва тадбирҳои созандаи баланд бардоштани мақоми занонро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вижа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад
.
Мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Фарангис Ғаффорзода дар кори конфронс бо маърӯза баромад намуда, зикр дошт, ки яке аз шахсиятҳои барҷастаи илми ҷаҳонӣ Алберт Эйнштейн гуфтааст, ки танҳо муҳаббати модар ба фарзандаш муҳаббати ҳақиқӣ ва беғараз мебошад. Ҳамин аст, ки бузургони гузашта ҷойгоҳи маънавии биҳиштро дар зери қадамҳои модарон донистаанд, яъне эҳтироми модар ва хизмат ба ӯ роҳ ба сӯи хушбахтӣ ва биҳишт аст.
Аз Расули акрам ҳадис аст, ки ҷавоне назди ӯ меояд ва иброз медорад, ки гуноҳе кардааст ва чӣ бояд кунад, ки гуноҳаш бахшида шавад. Паёмбар ба ӯ мегӯяд – Модар дорӣ? Мегӯяд: - На! – Хоҳар дорӣ? Мегӯяд: - Надорам. Мегӯяд: - Пас бирав назди зани ҳамсоя, агар ӯ туро бубахшад, пас Худованд низ хоҳад бахшид.
Тавре аз ин ҳадиси Расули Худо мебинем, қадру манзалати Зан-модар дар дини мубини ислом ҷойгоҳи басо баланду муътабар дорад, - иброз дошт, корманди мақомоти судӣ Адиба Мирзоматова.
- Чунки тамоми нобиғаҳову бузургони илму ирфон, сиёсатмадорону арбобони давлатӣ ва шахсиятҳои барҷастаи таърихи башар, аз ҷумла Паёғамбари ислом – Ҳазрати Муҳаммад ва пайравони ӯро модар ба дунё овардаву ба камол расонидааст, - идома дод, суҳбатро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини директор оид ба корҳои таълими Гимназияи №1Сурайё Шарипова.
- Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор ганҷина аст. Ба ин маънӣ модарону бонувон хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми меҳру муҳаббат ва умри азизи худро дар роҳи тарбияи фарзандони солиму солеҳ, босаводу соҳибмаърифат, хушахлоқу боадаб, ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо ва сариштаи рӯзгор сарф месозанд, - ин буд маҳаки асосии мулоҳизаҳои мудири Бахши кор бо занон ва оила Матлуба Сатторова дар ситоиши мақоми Модар.
- Орзуи ҳар зан дар зиндагӣ ҳамин аст, ки фарзанд ба дунё овардану модар шудан насибаш гардад. Яъне, модар мавҷудест, ки офаранда ва фарзанд меофарад, барои тифли навзоди худ, ки ҳанӯз як мавҷуди нотавон аст, 18-19 сол заҳмат кашида, ӯро ба як инсони неруманду тавоно табдил медиҳад ва то зинда аст, ҳозир аст, ки ҳастии хешро фидои фарзандаш созад. Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки модарро “фариштаи меҳр”, “олиҳаи покӣ” ва “мавҷуди муқаддас” меноманд, - муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён бо чунин андешаҳо таваҷҷуҳи ҳозиринро ба хеш ҷалб сохт.
Ӯ хотиррасон бинмуд, ки маҳз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, ки соли 1999 содир шудааст, аз аввалин ибтикороти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба маънои рамзиаш занони кишварро сари фармон овард. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки дар ягон кишвари олам мисли давлати мо занон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор надоштанду надоранд.
Чорабиниро Муслимахон Ҷамолиён ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки дар маҷмуъ, файзи мактаби эҳтиром ва самимияту муҳаббати фарзанд ба модар, ки бунёдгузораш Пешвои миллат ҳастанд афзуну муҳассили он будан мояи ифтихор аст. Моро мебояд суханони Пешвои миллат - “Ба ҷавонмардони миллат хотиррасон месозам, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳмати ӯ расед, модарону занони худро самимона дӯст доред, доимо пуштибони онҳо бошед ва коре кунед, ки модарону занони тоҷик на ашки ғаму ғусса, балки фақат ашки шодӣ резанд”-ро сармашқи зиндагии худ қарор диҳем.
Бардошт аз доиршавии конфронс он буд, ки Модар беҳтарину поктарин офаридаи Илоҳист ва ҳаргиз шукӯҳу шаҳомат ва қадршиносии Ӯ дар дар ҷомеа коста нахоҳад гардид. “Модар фаришта буд” – ҳаст ва хоҳад монд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:232
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5992
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9527
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6887
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64411
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9368614

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?