Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 23.02.2026 ҷаласаи васеи Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар

назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки аъзои Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва маҳаллаҳо, кормандони милитсияи шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаро Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода оғоз намуда, зикр кард, ки Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, таҳти №403 “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027” чораҳои зарурӣ андешидааст.

Дар ин замина қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 3 октябри соли 2025, таҳти №264 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи дохилиидоравии муқовимат ба савдои одамон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои солҳои 2025-2027” қабул гардида буд, ки доир ба иҷрои қарори мазкур аз ҷониби аъзои Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон, масъулони соҳа ва ҷамоатҳои шаҳрак корбарӣ намуда истодаанд.

Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгӯии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни ҷиноятҳои зикргардида равона шудаанд, ташаккул меёбад.

Давлат бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, хусусан занҳо ва кӯдакон чораҳои зарурӣ андешида, ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва таъмини бехатарии онҳо, аз ҷумла тавассути таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок дар ин самт ва муттаҳид намудани фаъолияти субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус медиҳад.

Нақшаи дохилиидоравии муқовимат ба савдои одамон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои солҳои 2025-2027” иборат аз 17 банд тасдиқ карда шуда, мавриди корбарӣ қарор дода шудааст.

Бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки субъектҳои амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо дар асоси қарори Раиси шаҳр аз 30 ноябри соли 2017, таҳти №305 Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъсис дода шудааст, фаъолият менамояд.

Чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, тарғиботию ташвиқотӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма оид ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳли ҷомеа дар бораи мушкилоти савдои одамон ва чораҳои андешидаи мақомоти салоҳиятдор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар байни аҳолӣ ва ҷомеаи меҳнатии корхонаву ташкилотҳо доир карда мешаванд.

Сипас, дар самти муқовимат ба савдои одамон аъзои Комиссияи ҳудудӣ, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, подполковники милитсия Раҳимзода Мирзоватан Мирзораҳим суханронӣ намуд. Мафҳумҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, тарзҳои содир гардидани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, аз ҷумла ҷалб намудани одамон ба меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, талбандагӣ ва дигар тарзҳои содир гардидани онҳо ба ҳозирин фаҳмонда дода шуд.

Баъди анҷоми баррасӣ, муҳокима ва таҳлили мавзӯи рӯзномаи ҷаласа бо назардошти таклифу пешниҳоди аъзоёни Комиссияи ҳудудии муқовимат ба савдои одамон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои пешрафту беҳтар намудани кор дар ин самт ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1106
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1975
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3081
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10458
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:58860
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:101163
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9356176

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?