Матни равон

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар доираи талаботи Оинномаи ҲХДТ ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини Раиси ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, аъзои раёсат ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, масъулини кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон нахуст, гузориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроия – Бахтиёр Каримов ироа гардид.

 

Тавре ки аз гузориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бармеояд, давоми соли 2025 ҳизбиёни шаҳр фаъолияти хешро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ки ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо муҳимтарин самтҳои рушти Тоҷикистонро барои солҳои 2025 – 2030 пешбинӣ менамояд, инчунин дар асоси қарорҳои Анҷумани XV ҲХДТ ва дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизб, таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини рушди устувор ва пешрафти мамлакат, муҳайё сохтани сатҳу сифати арзандаи зиндагии халқ, инчунин баҳри беҳтар гардонидани ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва ободиву шукуфоии шаҳр нақши арзандаи худро гузоштанд.

Дар қисмати музокира оид ба баррасии самтҳои фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ, раиси ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Консой” Муҳабатов Амир, раиси ташкилоти ибтидоии “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум” Абдуллозода Ғуфрон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии Носири Хусрав №17 Ҳомидҷонов Ҷонибек Музаффарович, дар самти танзими дурусти ҳаракати аъзои ҳизб, қабули сифатноки аъзо ба сафи ҳизб, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва таблиғотиву ташвиқотӣ, махсусан дар сатҳи маҳал, тақвияти фаъолияти гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ пешниҳодҳои муфид иброз намуданд.

Вобаста ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис гузориши роҳбари гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон оид ба фаъолияти гурӯҳи вакилӣ дар соли 2025 шунида шуда, дар ин замина, лоиҳаи нақшаи кории гурӯҳи вакилӣ барои соли 2026 тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис лоиҳаи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон барои тасдиқ ба аъзои Кумита пешниҳод гардида, вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид.

Оид ба баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 барои тасдиқ ба овоз гузошта шуда, вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид.

Вобаста ба баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис дар робита ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти корҳои идеологӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва мусоидат намудан дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии мардум, лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон барои соли 2026 ба муҳокимаи аъзои Кумита пешниҳод карда шуда, оид ба он қарори дахлдор қабул гардид.

Тибқи масъалаи шашуми рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон ба ҳавзаи интихоботии Мирзо Турсунзода №18 ва ҳавзаи интихоботии Навобод №24 мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба он, бо ҷонибдории якҷояи аъзои Кумита, номзадии Каримов Бахтиёр Раҳматҷонович ба ҳавзаи интихоботии Мирзо Турсунзода №18 ва Бобоев Ҷасурҷон Давронович ба ҳавзаи интихоботии Навобод №24 аз ҲХДТ ба вакилӣ пешбарӣ карда шуданд.

Дар идома, муовини Раиси ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода ва Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода суханронӣ намуда, баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кумитаи иҷроияи ҳизб дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, бештар намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо ва омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Дар фарҷом як қатор фаъолони ҳизбӣ бо сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2072
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3151
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16129
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26756
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:63990
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:80666
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9260143

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?