Матни равон

Дар асоси супориши КИВ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба муносибати моҳи шарифи Рамазон 1 нафар кудаки маъюб, 1 нафар аз маъюб ва 4 нафар шахсони аз оилаҳои камбизоат, яккуву танҳо Ҷумъаев Рауф, Мадумбараева Олга, Сотиболдиева Р, Семёнова М, Рапиева А ва Субханкулова Л. ҳамагӣ шаш нафар аз тарафи КИШ ҲХДТ шаҳри Қайроққум аёдати яквақтаи пулӣ расонида шуд.

Мавлуда Рафиева

Расонидани ёрии методӣ ба ташкилотҳои ибтидоӣҲафтаи сипаришуда аз тарафи мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Бадалова Саёхат  ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва оморӣ Раҷабова Г. бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба ташкилотҳои ибтидоӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории ба як қатор ташкилотҳои ибтидоӣ аз қабили Ҷамоати Сирдарё, Экспидитсияи комплекси геологӣ, ҶСК «Темурмалик», ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», маркази таҳсилоти иловагӣ, Нерӯгоҳи Барқии Обӣ, Шабакаҳои Барқии Суғд, «Суғдмоҳӣ», осоишгоҳи «Шифо», маркази саломатии шаҳр ва шуъбаи фарҳанг расонида шуд.

Натиҷаҳо хуб, онҳоро афзун мебоядДар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи 15 июли соли 2015 ҷаласаи фаъолони шаҳр доир гардид. Дар он муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю  бахш, мақомотҳои қудратӣ, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва кормандони васоити ахбори омма ҳузур доштанд. Маҷлиси фаъолони шаҳрро Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ифтитоҳ намуд:

- Дар ҷаласаи имрӯза танҳо як масъала оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳои иҷрошудае, ки дар партави суханрониҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки рӯзҳои сафари корӣ ба вилояти Суғд иброз дошта буданд ва он нуктаҳое, ки аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд мавриди баррасӣ қарор дода мешавад, - зикр дошт, Раиси шаҳр.

Муборакбодии  Раиси шаҳри Қайроққум  Матлубахон Амонзода ба  муносибати Иди саиди ФитрҲамдиёрони азизу гиромӣ!

17 июли соли равон кулли мусулмонони олам, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Фитрро баъди ба ҷо овардани фаризаҳои рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо фараҳмандӣ ва тантанаву шукӯҳ ҷашн мегиранд.

Фармудаҳои шариат дар мавриди моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки таълимоти ислом аз рузи ба вуҷуд омаданаш саршори ғояҳои хайру эҳсон ва накӯкорӣ мебошад. Ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону барҷомондагон, кӯмаку ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагон дар ин моҳи шариф барҷаста ба назар мерасанд.

Набзи шаҳракҳоАДРАСМОН

Дар ҷамоати шаҳраки Адрасмон, дар яке аз мавзеъҳои басо дилкашу ҷолиб ва афсонавӣ осоишгоҳи муосири ҳамном «Адрасмон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, шароит фароҳам овард, ки 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд.

Осоишгоҳи «Адрасмон» бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Мамлакат Ғафурова ва Бахтиёр Ҷӯраев мавриди истифода қарор гирифта, қаблан 12 нафар сокинон аз оилаҳои камбизоат ба табобату истироҳат фаро гирифта шуданд. Табобатгирандагон бархӯрдор аз тамоми шароитҳои истироҳативу фароғатӣ мебошанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2205
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2403
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10442
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16152
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:14211
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:72018
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9065462

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?