Матни равон

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Матлубахон Амонзода ҷаласаи корӣ оид ба омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ва ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободкориву созандагӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Котиби ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 Фазлиддин Орифов дар бораи тадбирҳои иҷро гардида маълумоти муфассал дод. Тавре аз гузориши котиби ситод возеҳ гашт, алҳол баҳри иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 5-уми майи соли 2016, таҳти №111 роҳандозии нақшаҳо айни матлаб нест.

Раиси шаҳр ҳолати иҷрои қарорро мавриди баррасӣ қарор дода, раисони Ҷамоати шаҳракҳо ва мудирони шуъбаю бахш, роҳбарони ташкилоту корхона ва раисони кумитаи маҳаллаҳоро вазифадор намуд, ки захираи ангишт, ҳезум, корҳои оинабандӣ, таъмиру тармими биноҳо, хатти озоди барқ ба муассисаҳои таълимию томактабӣ, регу намак барои пешгирии лағҷиш дар роҳҳоро таҳти назорат гиранд. Баҳри фаъолияти мураттаби таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва оби ошомиданӣ ба соҳаҳои хоҷагидори шаҳр супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар иртибот ба истиқбол ва таҷлили сазовори ҷашни 25-умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ гузаронидаи ба масъулин дастур дода шуд, ки чораҳои таъхирнопазир андешиданд. Ҳамчунин Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, Соли фарди солим, Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод ва 500 рўзи меҳнати зарбдор ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2563
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6941
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:63019
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7704939

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?