Афзоиши сафи ҳизбиён
«Сухани халқ» 28 октябри соли 2015, №40 .
Доир ба ифтитоҳи тӯйхонаи «Ҳидоят» ва фаъолияти васеъи фабрикаи заршӯӣ, фузудани теъдоди ихтиёриён ба сафи ҲХДТ мавод чоп гардидааст.
Джамоат Кансай развивается
«Согдийская правда» 28 октября 2015 года, №88.
Маводи Л.Негматзода низ фарогири рухдоди фараҳбахши шаҳраки Консой мебошад.






31 октябр дар шаҳраки Зарнисор ба муносибати 21-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии тенниси рӯи миз доир шуд. Дар даври ниҳоӣ ғолибон муайян шуданд. Корманди саридораи ШСКТХ Ши Бо Ся мақоми аввал, Руслан Абдурашид, аз қисми низомӣ ва Ғафурҷон Латифов, сармуҳосиби кумитаи иттифоқи касабаи ширкат ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.
Ҷиҳати амалисозии қарори Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода таҳти №1, аз 5 январи соли 2015 оид ба ҳадафи густариши варзиш ва таблиғоти тарзи ҳаёти солим «Дар бораи эълон намудани Рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ» дар шаҳраки Зарнисор тадбирҳои зиёде роҳандоз ӣ мешавад.
Дар озмуни «Китобдори беҳтарини сол», ки Раёсати фарҳанги вилоят ба ифтихори «Соли оила» дар шаҳри Хуҷанд доир намуд, намояндагони 12 шаҳру навоҳӣ ширкат варзиданд.













