Имрӯз 23-юми ноябр дар шаҳри соҳили «Баҳри Тоҷик» тантанаҳои идона ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ баргузор мегарданд. Маркази шаҳр ва Ҷамоати шаҳракҳо намуди идона ба бар гирифта бо шиору овезаҳо, Парчами давлатӣ оро ёфтаанд.
Нахуст кормандони шуъбаи хизматрасонӣ дар хона, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояту шаҳр, Ҷамоати шаҳракҳо, соҳибкорону саховатмандон бо ҳидояти Раиси шаҳр табақаҳои ниёзманди аҳолиро бо тақдими маводҳои хӯрока аёдат мекунанд. Конфронсу шабнишинӣ ва озмунҳои гуногун дар ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ доир хоҳанд шуд. Арзи эҳтироми худро ҷомеаҳои меҳнатӣ, толибилмону устодон ва варзишгарон ба ин муқаддасоти миллӣ бо замзамаи таронаи Ваҳдат, шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва ватандӯстиву ватандорӣ дар кӯчаи марказии шаҳр бо роҳпаймоӣ баён мекунанд.






Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ 24 ноябр, соати 17:00, дар Кохи Истиқлол консерти идонаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ ва овозхони маҳбуб Орзугул Хуҷамова таҳти унвони «Мо бо шумоем!» танҳо як рӯз дар шаҳри Қайроққум баргузор мегардад. Марҳамат , ба шоми хушдилию фароғат!
Ҳамдиёрони азиз!
27 –уми ноябри соли равон, соати 14:00 дар Кохи Истиқлол барномаи консертии ҳофизони хушсалиқа, бародарон Ҳасанбой ва Ҳусейнбой Набиевҳо баргузор мегардад.
Дар толори шуъбаи маориф Пленуми V Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат доир гардид. Ҳашт масоили тарҳрезӣ гардида мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт. Оид ба такмили фаъолияти Шӯро, беҳтар намудани тадбирҳои кӯмак ба ашхоси ниёзманд, иштироки муташаккилона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии шаҳр, роҳандозии нақшаҳои мушаххас дар тарбияи насли ҷавон, тасдиқи нақшаи Шӯро барои соли 2016 ва амсоли инҳо аз зумраи масъалаҳои муҳокима гардида буданд.













