Санаи 23 октябри соли равон тибқи Низомномаи тасдиқгардидаи Федератсияи варзиши сабуки ҶТ, бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қайроққум дар варзишгоҳи марказии шаҳр мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабуки кӯдакон бахшида ба 21-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур 17 даста-иштирокчиёни синну солашон 10-12 сола аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Истиқлол, Турсунзода, Ашт, Исфара, Б.Ғафуров ва Мастчоҳ иштирок карда, аз рӯи 10 намуди шартҳои мусобиқа қувваозмоӣ намуданд. Теъдоди умумии иштирокчиён 205 нафар буд.






24-25 октябри соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни вилоятии варзиши сабуки кӯдакон бо иштироки дастаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд байни иштирокчиёни синну соли 14-15- сола доир гардид.













