Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Пленуми VI Кумитаи марказии «Тоҷикметалл» ва ҷаласаи кумиҷроияи иттифоқи касабаи «Союзметалл» баргузор гашт. 50 – солагии таъсисёбии Кумитаи иттифоқи касабаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» низ таҷлил карда шуд.
Дар ҷараёни чорабиниҳои идона пешсафони кумитаи иттифоқҳои касаба бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи ҶММ «Ширкати куҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой» Ҳоҷимуҳаммад Салимзода барои кори фаъолона дар ҳифзи меҳнати иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва ҷалби шавқмандии коргарон ба меҳнат бо Ифтихорномаи Фахрии Президенти Кумитаи иттифоқи касабаи марказии «Союзметалл» А.Нуралин сарфарозонида шуд.






Карате-до
Бо мақсади идома бахшидан ба аксияи «Мо ҳомиёни Ватанем» 13 ноябри соли 2015 аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум аёдати волидайни 3 нафар сарбозони дар хизмати Ватан буда аз Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳ монда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш ба маҷлиси Олӣ таъкид дошта буд:













