23-юми октябр Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти фабрикаи заршӯӣ ва иштироки бевосита дар ифтитоҳи тӯйхонаи «Ҳидоят» ба шаҳраки Консой сафари корӣ анҷом дод.
Хамчунин Раиси шаҳрро дар ҷараёни сафар муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Сайдулло Гардуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ва мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамроҳӣ карданд.






Аз номи сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми вазири мудофиаи ҶТ, генерал-майор З.Шарифзода ба унвонии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода номаи сипос расид. Барои пеш аз муҳлат иҷро намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 сентябри соли 2015, №567 ба тасвиб расида буд миннатдории бепоён дар сипоснома баён доштааст.
Нимаи дуюми рӯзи 19-уми октябр сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома ёфт.













