8 октябр дар толори шуъбаи маориф пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр доир гардид. Пленум бо баромади раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Муҳсин Раҳимов оғоз ёфт. Иштирокчиён 4 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аъзоёни Шӯро Н.Мирзорахимова, Т.Эгамбердиев ва А.Қодиров аз рӯи масъалаи якум оид ба интихоби раиси Шӯро баромад карда номзадии М.Файзуллоевро пешниҳод намуданд. Дар натиҷаи овоздиҳии кушод Муҳаммадҷон Файзуллоев раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қайроққум интихоб гардид.






Тибқи «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» Вазорати фарҳанг «Корвони китоб» таъсис додааст, ки он чанде пеш ба вилояти мо омад. 















