Имруз, 16 декабр дар толори МИҲД-и шаҳр ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ доир гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар ёздаҳ моҳи соли сипаригардида ҳисобот дод. Нахуст баромадкунанда таваҷҷуҳи ҳозиринро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҷалб намуд.
Каромат Қосимова изҳор дошт, ки ин унвон ба Президенти кишвар, Раиси марказии ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон барои ватандори асил ва маҳбуби халқ буданаш сазовор дониста шуд. Аз назари илми сиёсат, зуҳури лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ як зарурати бисёр ҷиддии давлатдорию давлатсозист. Иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон ҳисси боварию эътимоди мардумро ба дурнамои давлату миллат дар сиришти ҳар як фарди баору номус бедор месозад. Мо ҳизбиёни шаҳри Қайроққум самимона ин иқдомро ҷонибдорӣ менамоем, - хотирнишон намуд баромадкунанда.






Дар МТМУ № 14 ба номи Нурилло Ҳувайдуллоев бо сармавзӯи «Ватанам-Тоҷикистон» машғулияти 91-умини маҳфили муштараку сайёр, илмию методӣ, амалию назариявӣ ва ҳуқуқию доимии «Корвони маънавиёт» баргузор гардид. Дар ибтидо сарвари маҳфил Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаралӣ Усмоналиев роҷеъ ба нақшаву ҳадафҳои маҳфил ибрози андеша карда, роҳбарон ва аъзои 9 зермаҳфилҳоро доир ба ҷараёни он тибқи нақша муваззаф намуд.














