Қарори Раиси шаҳри Қайроққум аз 15 январи соли 2016, таҳти №2 доир ба тасдиқи нақша - чорабиниҳои МИҲД шаҳр бо ҳадафи таъмини Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» ба тасвиб расид.
Таваҷҷуҳ ба ободии маҳалли зист, ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ, бунёди иншоотҳои фароғатию варзишӣ, азнавбарқароркунии хатҳои обу барқ, эҳёи анъанаҳои сабзкорӣ, таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарду пайроҳаҳои одамгузар, саривақт супоридани маблағҳои хизмати коммуналӣ, чароғонкунии кӯчаҳо ва риояи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз умдатарин тадбирҳои нақша-чорабинӣ ба шумор меравад.






22 январ дар шаҳри Қайроққум Рӯзи ягонаи ахбор доир шуд. Тарғибгарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ба ташкилоту корхона, Ҷамоати шаҳракҳо рафта оид ба мӯҳтавои асосии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҷомеаҳои меҳнатӣ баромад намуданд.
Санаи 22 январ тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзӯи «Паёмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳнамо ба сӯи фардои ободу дурахшон» дар толори муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳри Қайроққум рӯзи ягонаи ахбор муташаккилона ба вуқӯъ пайваст. 














