Тибқи қарору амрҳои Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода аз 30 ноябр ва 1 декабри соли ҷорӣ таҳти рақамҳои 285, 111 ва 112 бо ҳадафи истифодаи босамари иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ як қатор ҷойивазкуниҳо шуд.
Муслимахон Исоқова муваққатан иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ, Лоҳур Назришозода, мудири бахши бойгонӣ ва Давронбек Холиқов мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо таъин гардиданд.






«Ҷумҳурият» №242, 4 декабри соли 2015
Бо фаро расидани Рӯзи геологҳо кормандону мутахассисони соҳаро, ки тамоми қувва, дониш ва таҷрибаву малакаи худро баҳри ҳарчи бештар дарёфт кардани захираҳои нави сарватҳои зеризаминӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо сарф намуда, дар рушд ва тараққиёти саноати кӯҳӣ саҳми арзанда мегузоранд, бо иди касбиашон табрик мегӯям. Ба ҳамаи онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаободӣ ва дар иҷрои нақшаҳо муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
5-6 декабр дар МТМУ-и №1 даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагон доир гардид. Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур ин дарёфти истеъдодҳои нав, рушди эҷодкориву лаёқат, муайянкунии хонандагони фаъол барои иштирок дар Олимпиадаи вилоятӣ, мусоидати фаҳмишу ҷаҳонбинии хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад.














