Ҳамшаҳриёни азиз!
Ҳамасола 6-уми ноябр дар мамлакат Рӯзи Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Зеро 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонун)-и Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии миллати кӯҳанбунёди тоҷикро заминагузорӣ кардааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо шарофати қабули Қонуни асосӣ пояи Истиқлолияти давлатӣ мустаҳкам гардид ва заминаи ҳуқуқии рушди тамоми соҳа барои солҳои минбаъда фароҳам оварда шуд.






Афзоиши сафи ҳизбиён
31 октябр дар шаҳраки Зарнисор ба муносибати 21-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии тенниси рӯи миз доир шуд. Дар даври ниҳоӣ ғолибон муайян шуданд. Корманди саридораи ШСКТХ Ши Бо Ся мақоми аввал, Руслан Абдурашид, аз қисми низомӣ ва Ғафурҷон Латифов, сармуҳосиби кумитаи иттифоқи касабаи ширкат ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.
Ҷиҳати амалисозии қарори Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода таҳти №1, аз 5 январи соли 2015 оид ба ҳадафи густариши варзиш ва таблиғоти тарзи ҳаёти солим «Дар бораи эълон намудани Рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ» дар шаҳраки Зарнисор тадбирҳои зиёде роҳандоз ӣ мешавад.
Дар озмуни «Китобдори беҳтарини сол», ки Раёсати фарҳанги вилоят ба ифтихори «Соли оила» дар шаҳри Хуҷанд доир намуд, намояндагони 12 шаҳру навоҳӣ ширкат варзиданд.















