Дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон бо иштироки аҳли адаб ва дўстдорони илму фарҳанг ба муносибати 19-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ маҳфили “Адибони ваҳдатсаро” доир гардид.
Маҳфилро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода ифтитоҳ карда, роҷеъ ба бузургтарин дастоварди миллат – ваҳдату ягонагӣ ҳарф зад. Баъдан намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ният Ҳаёт, адибони шинохта Муҳаммад Субҳон, Додохони Эгамзод ва Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, сармуҳаррири нашрияи “Соҳил” Рустамҷон Одизода перомуни саҳифаҳои сабақомўз ва пурарзиши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон андешаронӣ ва чакидаҳои хомаи хешро манзури ҳузурдоштагон намуданд.






Ваҳдати миллӣ беҳтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи муосири пурмоҷарову пурпечутоби ўст. Истиқлолият, озодӣ он вақт арзише хоҳанд дошт, ки он ҷо ваҳдати миллӣ бошад. Илму дониши мо, фарҳангу ҳунари мо, таърих ва гузаштаи пурифтихори мо танҳо ва танҳо бо иттиҳод, ваҳдати миллӣ арзиш доранд. Агар мо ваҳдати миллӣ надошта бошем, дар ин дунёи пурмоҷаро ояндаи миллӣ наметавонем дошта бошем.
Аз 14 то 16-уми июн дар зиёда аз 40 корхонаву ташкилот ва Ҷамоати шаҳракҳо бо иштироки намояндагони ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ такмилбахши саодати халқ» баргузор гардид.















