Матни равон

Зери ҳамин унвон бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 12, деҳаи    Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон ҳамоиши ҷомеаи меҳнатии омўзгорону муҳассилин доир шуд. Ҷиҳати боз ҳам рангину  пурмўҳтаво ҷараён гирифтани чорабинии мазкур меҳмонони зиёд:  адибону олимон, хабарнигорон ва дигар нафарони касбу кори гуногуни деҳа дар  саҳни ин маърифатгоҳ сарҷамъ омаданд.

-Ҳадаф аз ин чорабинӣ албатта, истиқболи сазовори ҷашни бузурги сиёсии миллат 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст,- иброз дошт Улуғбек Хоҷаев директори муассисаи мазкур,- ва дар ин доира рўнамоии китоби омўзгорони мактаб Буҳоҷали Туёқбой ва Марҳамати Абдулазиз «Армонимсан Ватан» мебошад, ки он ҳам ба таҳкими дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, дўстиву рафоқати халқҳо бахшида шудааст. Муҳимтар аз ҳама насли наврасро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ тарбия кардан ва рў овардани насли наврас ба арзишхои истиқлолӣ, ҳифзу эҳтиром гузоштан ба дастовардҳои соҳибистиқлол аст.

Лозим ба ёдоварист, ки китоби мазкур ёздаҳумин маҷмуаи аъзоёни доираи адабии «Илҳом» буда, он бо ибтикори Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба ифтихори Истиқлолияти давлатӣ чун армуғон рўи чоп омадааст.

Рустамҷон Одизода, сармуҳррири нашрияи «Соҳил», Сафаралӣ Эркаев, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ҷовиди Аштӣ, намояндаи расмии рўзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд назди ҳозирин аз аҳамияти оламшумули эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон, талошу такопўйҳои халқи точик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҷиҳати ҳифзи соҳибистиқлолӣ, роҳҳои тайкардаи мардуми кишвар баҳри дастовардҳои гуногун дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ сухан карданд.

Барномаи тарҳрезишудаи сиёсиву адабии санъаткорони муассисаи таълимӣ чун беҳтарин тўҳфа пешкаши ҳозирин шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2035
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2059
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4094
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:14899
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7747289

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?