Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон маҳфили бонувон таҳти унвони “Нақши зан дар ҷомеа” бо иштироки фаъолзанони маркази шаҳр баргузор гардид. Муовини раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Санавбар Нуриллоева маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид.
Аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Мирпочоева ва Дилором Ҷабборова доир вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, нақши зан дар ҷомеа, зан ва сиёсат, оиладорӣ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар маҳфил раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён ва корманди гимназияи шаҳр Гулбаҳор Сатторова доир ба мақом ва нақши зан мубодилаи афкор намуданд.






Дар шаҳри Гулистон рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Конститутсия-бахтномаи миллат» тибқи нақшаи тасдиқгардида дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ муташаккилона ба роҳ монда шуд.
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти зарурӣ дар пойгоҳи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот карданд.
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ оғоз бахшиданд.
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз навсозӣ бинои Ситоди отряди сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити қисми низомӣ шинос шуданд.














