Матни равон

Мафҳуми “Ватан” ва бузургдошти он аз қадим дар анъанаҳои миллиамон мавқеи муҳим дорад. Ин мафҳум дар худ ҷойи таваллуду маҳалли зисти одамон, шаҳру вилоят ва мамлакатро ифода мекунад. Соҳиби манзилу макон, сарпаноҳ, оила ва фарзандон будан низ ба тарзи хос мафҳуми “Ватан”-ро ифода мекунад. Мардуми Тоҷикистон марҳалаи вазнини солҳои аввали Истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад.

Барҳақ, танҳо давлате, ки истиқлолияту сулҳу субот ва осоиштагии мардумашро таъмин менамояд, рў ба тараққӣ мениҳад. Имрўз мо дар назди худ мақсади бунёди давлати ҳамаҷониба рушдкардаро гузоштаем ва биноан табиист, ки дар навбати аввал ба мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии давлатамон эътибор диҳем.

Дар ҳифзи марзу буми ҳар давлат артиши он саҳми арзанда дорад. Чанд рӯзе қабл мо 27-умин солгарди таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намудем. Имрўз дар шароити мураккабу пуртаҳлукаи байналхалқӣ ва минтақавӣ бори дигар огоҳ мегардем, ки 27 сол қабл таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ чӣ кори оқилонае будааст. 27 соли сипаришуда дар фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ давраи навгонӣ, санҷиш ва ислоҳот маҳсуб меёбанд. Дар ин муддати кўтоҳ дар мамлакатамон низоми нави соҳаи ҳарбӣ ташаккул ёфт. Вақте ки вориди қисмҳои ҳарбӣ мегардем, баръало эҳсос мекунем, ки барои адои хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, болоравии салоҳияти маданиву маърифатӣ, обутоби ҷисмонӣ ва донишу малакаи мафкуравии аскарон ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Хонаҳои таълимӣ, майдончаву толорҳои тармиму варзишӣ, тренажёрҳо, китобхонаву синфхонаҳои компютерӣ, ошхонаву ҷойи хоби аскарон ба дараҷаи олӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Хурсандиовараш он аст, ки дар ҷараёни хизмати муҳлатнок байни аскарони қаторӣ муносибати дўстонаву рафоқати бародарона ба роҳ монда шудааст. Таъкид бояд кард, ки хидмат ба Ватан танҳо кори сарбоз нест, балки дар ин роҳ ҳар яки мо масъул ҳастем ва бояд ба қадри ҳар зарра обу хоки Ватани азизамон бирасем. Пас моро зарур меояд, ки хубу аъло таҳсил намоем ба иғвоангезии шахсони бадхоҳ гӯш надиҳем ва ба Ватани худ содиқ бошем.

Мафтунаи Суҳроб,

хонандаи синфи 9-и МТМУ №2-и шаҳраки Чоруқдарон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:64
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2059
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4012
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12928
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7745318

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?