Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо, воҳидҳои зерсохтор, намояндагони мақомоти молия, андоз, раёсати энергетика, бахшҳои бонкҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул мулоқот тибқи нақшаи тасдиқгардида бо намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони гумрук, молия, андоз, бонк ва сармоягузорӣ баргузор гардид.
Вохӯриро роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Абдуаҳад Ҳакимзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшид. Сипас намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсия Васлибек Назриён суханронӣ намуд.






22 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” бо як гурӯҳ меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ-иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот карданд.
22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок ва суханронӣ карданд.













